Сифати хизматрасонӣ ва муносибати касбӣ боис гардид, ки ImplaDent ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025» гардад.
Табассуми зебо рамзи саломатӣ ва эътимод аст. Маркази стоматологии ImplaDent, ки аз соли 2017 дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад, имрӯз ба яке аз клиникаҳои пешсафи дандонпизишкӣ табдил ёфтааст.
ImplaDent табобати дандонҳоро бо истифода аз технологияи рақамии муосир ва усулҳои олмонӣ анҷом медиҳад. Дар ин ҷо ҳар як бемор муносибати инфиродӣ, ташхиси дақиқ ва табобати босифат мегирад.

Хизматрасониҳо:
— табобати дандон ва решаҳои он;
— имплантатсияи дандон;
— протез ва барқарорсозии дандон;
— стоматологияи эстетикӣ (сафедкунӣ, винерҳо);
— ортодонтия (брекетҳо ва элайнерҳо);
— табобат ва пешгирии бемориҳои милки дандон.
Афзалиятҳои ImplaDent:
— таҷҳизоти муосири сатҳи ҷаҳонӣ;
— ташхиси рақамӣ ва банақшагирии 3D;
— озмоишгоҳи дандонпизишкии худӣ;
— табибони ботаҷриба ва ҷавон;
— ҳифзи максималии дандонҳои табиӣ;
— муҳити бароҳат ва бехатар.
Эътимоди мардум арзиши асосии ImplaDent аст. Маркази ImplaDent дорои иҷозатномаи расмӣ буда, таҳти роҳбарии Бердӣ Бекмуродов, номзади илмҳои тиб, Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Маркази стоматологии ImplaDent дар шаҳри Душанбе, хиёбони Абӯалӣ ибни Сино 29 (наздикии “Қараболо”) ҷойгир аст. ImplaDent-интихоби дуруст барои табассуми шумо!
Вазифаи ImplaDent нигоҳ доштани саломатии дандонҳои шумо ва бахшидани табассуми зебо бо истифода аз беҳтарин технологияи муосир аст!

